Кормандони Кумитаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сафароз гардиданд
Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 32-юмин солгарди ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, Истиқлоли давлатӣ гурӯҳе аз кормандон ва ҳунармандони дастаҳои ҳунарии Кумита бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Қабл аз супоридани мукофотҳои давлатӣ мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон аҳли толорро ба ҷашни 32–юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфтанд.
Зикр шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи телевизиону радио ва таъмини имкониятҳои васеъю созгор ба кормандони соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, кормандони соҳа пайваста аз дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор мешаванд.
Гуфта шуд, ки рисолати асосии тамоми ВАО-и Тоҷикистон, аз ҷумла телевизиону радио дар вазъияти ҳасосу печидаи ҷаҳони имрӯз ҳидояти мардум ба роҳи донишу маърифат ва худшиносию ватандӯстӣ мебошад.
Дар арафаи ҷашни таърихию муқаддаси миллӣ ҷашни 32-солагии истиқлолӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 45 нафар корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сафароз гардиданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ