image

Супоридани мукофотҳои давлатӣ дар Вазорати фарҳанг

date_range05.09.2023, 11:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye425

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон» фаъолони соҳаҳои мазкур бо мукофоти давлатӣ ба тасвиб расида буд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон рушди фарҳанг, муарифии чеҳраҳои нави ҳунар, мақоми ҷаҳони гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ғани шудани маънавиёти ҷомеаро ба дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат арзёбӣ кард.

Таъкид гардид, ки «фарҳанги миллӣ ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқию эстетикии ҳар қавму миллат ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию маърифатпарварӣ нақши ҳалкунанда мебозад».

Бо назардошти ҳамин нафароне, ки дар рушди фарҳанг ва баланд шудани маънавиёти ҷомеа саҳм мегузоранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда мешаванд.