«Ҷовидон бод, Истиқлоли тоҷик» таҳти ин унвон дар ноҳияи Сино ҳамоиши бонувон доир гардид
Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамоиши бонувони ноҳия таҳти унвони «Ҷовидон бод, Истиқлоли тоҷик» баргузор гардид, ки дар он намояндагони МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Душанбе, раисони маҳаллаҳо ва фаъолзанони ноҳияи Сино ширкат ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромади худ иштирокдорон иброз доштанд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кор бо занон ва оила дар даврони Истиқлол нишон медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин самти фаъолиятро ҳамчун ҷабҳаи муҳими ҳаёти сиёсию маънавӣ ва иқтисодии кишвар дар мадди назари худ қарор дода, доир ба ҳама мушкилоти занон дар замони муосир чораҳои саривақтӣ андешида, ташаббус ва хиради баланди шахсӣ нишон медиҳад.
Ин аст, ки таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа, баланд бардоштани мақому манзалати занон, таъмини баробарии гендерӣ, зиёд кардани ҷойҳои корӣ барои бонувон ва шумораи занони роҳбар, сайқал додани сатҳи саводнокию маърифати онҳо, ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд.
Дар поёни чорабинӣ ба занони фаъоли ноҳия барои саҳми фаъол ифтихорномаву сипоснома тақдим карда шуд.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ