image

Ҳамоиши ҷашнӣ ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар “Амонатбонк”

date_range06.09.2023, 13:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye267

Дар КВД БА ҶТ “Амонатбонк” 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Дар чорабинии идона Раиси Раёсати Амонатбонк, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва кормандони бонк иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши ҷашнӣ ба муносибати солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ Раиси Раёсати Амонатбонк Икромӣ С.С. ҳозиринро бо 32-юмин солгарди ҷашни бошукуҳи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд кард, ки имсол мардуми сарбаланду шарафманди кишвари азизу маҳбуби мо дар фазои сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва дастовардҳои назарраси сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, ҷашни Истиқлоли давлатии кишварро бо шукргузорӣ аз ободиву осиштагии кишвари азизу маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Дар идомаи чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло ҳозиринро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуда, аз қадру манзалати ин ҷашн ва худшиносиву ҳувияти миллӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат мебошад. Ҳамзамон бо истифода аз фазои тантанавӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сардори идораи ҳуқуқ ва Сардори идораи ҳисоббаробаркунӣ мукофоти давлатӣ, медали хизмати шоистаро тақдим намуданд.

Дар идомаи чорабинии идона шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар васфи ватану ватандорӣ ва истиқлолу ваҳдати сартосарӣ шеърҳои пурмазмун қироат карда шуда, таъкид сохтанд, ки маҳз азму талошҳои пайгирона ва фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардидем ва дар ин замина меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳким бахшида шуда, дар як муддати кӯтоҳ ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллат таъмин гардид.

Дар идомаи чорабинӣ маърӯзаҳои кормандони Бонк оид ба дастовардҳо дар даврони истиқлолият, аз ҷумла дар мавзӯи «Қадамҳои устувор ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои назаррас», «Сиёсати хориҷии дирӯз ва имрӯзи Амонатбонк», «Рушди фаъолияти қарздиҳии Амонатбонк дар даврони соҳибистиқлолӣ» пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар хотима ба як зумра кормандони Амонатбонк ба хотири фаъолияти назаррас ва судманд Ифтихорнома ва Раҳматнома тақдим карда шуд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"