Дар «Саноатсодиротбонк» зери унвони «Истиқлоли комил - нерӯи созандаи миллат» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар толори калони бинои дастгоҳи марказии Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ таҳти унвони «Истиқлоли комил-нерӯи созандаи миллат» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» вакилон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиноси масоили сиёсӣ Абдулло Раҳнамо ҳайати кормандони Бонк ва роҳбарони филиалҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври маҷозӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Истиқлол беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон давоми 32-соли Истиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунон, ки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметаовн тасаввур кард.
Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост. Истиқлоли комил якдилӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии ин марди асил қаҳрамони миллати тоҷик Пешвои муаззами тамоми тоҷикони дунё алоқаманд аст, ки хишти асосии пойдевори сарҷамъии ин миллатро гузоштаву дар охири қарни 20 ва авали қарни асри 21 таърихсозӣ намуда мақому манзалати миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт.
Дар идомаи ҷаласа ба кормандони фаъоли Бонк барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа Ифтихорномаю Раҳматномаҳо тақдим карда шуд.
Ҷаласа дар фазои идонаи танатанвӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти меҳан ва руҳияи Идона баргузор гардид.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ