image

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Раёсати ВКД

date_range06.09.2023, 16:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye237

Имрӯзҳо дар сартосари Ватани азизамон тантанаҳои идонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҷараён дорад. Бахшида ба ин сана дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ, ки ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бахшида шуда буд, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Дар баромади дигар иштирокчиён зикр шуд, ки Истиқлолият дастоварди пурарзиштарини мардуми бофарҳангу соҳибмаърифат ва тамаддунсозу сулҳхоҳи миллати тоҷик дар интиҳои асри гузашта ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи бонангу номус ва шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонӣ мебошад. Натиҷаи сиёсати хирадмандона, фаъолияти пурсамар ва талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Ватани азизу маҳбубамон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва рӯзгори осоиштаи шаҳрвандон таъмин мебошад.

Дар идома дигар кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба дастоварду комёбиҳои замони соҳибистиқлолии милитсияи пойтахт сухан гуфтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони Раёсат ва ҷузъу томҳои он дар шаҳри Душанбе, барои хизматҳои содиқонаву софдилона ва натиҷаҳои назарраси хизматӣ бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорномаю Раҳматномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон кормандон аз дигар сохторҳои давлатӣ барои ҳамкории мутақобиланд судманд бо милитсияи пойтахт бо Сипосномаи Раёсати Вазорати Корҳои Дохилӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

Қандил Мардонов

"ТВ Душанбе"