Ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе
Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар толори Кохи Суруш ҷамъбаст гардид.
Дар маросими супоридани диплому туҳфаҳо ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, олимону донишмандон ва дигар меҳмонону масъулон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки дар ҷараёни баргузории озмуни мазкур довталабон дар номинатсияҳои интихобӣ бо санҷиши савияи дониши худ собит карданд, ки муҳофизони ашъори ниёгон ҳастанд. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо максади баланд бардоштани савияи китобхониву китобдӯстӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, рушди неруи зеҳнӣ ва талқини ҳисси худшиносиву худогоҳӣ миёни аҳолии кишвар баргузор карда мешавад. Озмуни мазкур соли панҷум аст, ки доир мегардад.
Иштирокчиён аз эҷодиёти шоирону нависандагони классик ва муосири тоҷик ғазалу достонҳои баландмазмун қироат карда, ҳамзамон асарҳои гуногунро аз бар мекунанд. Дар ин замина таъкид менамоем, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи 6 номина ҷараён гирифт: - Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср. Имсол даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳо дар як макон – Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
Ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштрокчиёни озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмуъ ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд карда шуд. Ҳамзамон шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.
Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 14 -уми августи соли равон шуруъ шуд ва барои иштирок дар озмуни мазкур аз 4 ноҳияи пойтахт, зиёда аз 400 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сокинони синну сол ва касбу кори гуногун иштирок карданд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ