Баргузории ҳамоиш ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.
Дар чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ ва роҳбарияту кормандони Агентӣ ширкат намуданд.
Дар ҳамоиш доир ба арзишҳо Истиқлол ҳозирин баромад намуда, аз дастовардҳое, ки давоми 32 соли соҳибихтиёрӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба даст омадааст, ёдовар шуда, онҳоро дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик беназир арзёбӣ намуданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатиро ба кормандони Агентӣ дар фазои тантанавӣ тақдим намуд.
Зимни чорабинӣ ба сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ ва таҳсилоти иловагии Агентӣ Аҳмадшо Саидзода ва мушовири директори Агентӣ Маҳмадсаид Шарифзода мукофоти давлатӣ тақдим гардид.
ТВ "Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ