Тантанаи ҷашни Истиқлол дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ фазои идона дошт. Зеро макони асосии чорабиниҳои марказии ноҳияи исмоили Сомонӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ин муассисаи фарҳангӣ муайян гардида буд. Нахуст намоиши дастовардҳои сохторҳои ноҳиявӣ ва сокинон дар самти, қаннодӣ, пазандагӣ ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулотҳои саноатӣ баргузор гардид. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарияти ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд. Ҷойи таъкид аст, ки давоми солҳои охир дар тамоми бахшҳои ин ноҳия пешравию тарақиёт ба мушоҳида мерасад.
Қисмати асосии чорабинии тантанавӣ ба муносибати ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия дар Амфитеатри боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар оғози чорабинӣ барромад намуда, сокинонро ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ таҳният гуфтанд. Зикр шуд, ки давоми солҳои охир дар пойтахт бо таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шароити беҳтари кору фаъолият барои сокинон фароҳам шуда, садҳо иншооти гуногунтаъинот бунёд гардидааст.
Қабл аз баргузории барномаи консертӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба як қатор кормандони фаъоли сохторҳои гуногуни ноҳиявӣ мукофотҳои давлатӣ, ифтихорномаву сипоснома дар вазъияти идона тақдим карда шуд.
Барномаи рангини фарҳангӣ идомабахши тантанаҳои идона дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ буд. Сокинони ноҳияи Исомоили Сомонии шаҳри Душанбе зери суруду таронаҳои санъаткорон то дергоҳ шодиву хурсандӣ намуданд.
Қандил Мардонов
ТВ "Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ