Таҷлили Истиқлоли Ватан дар ноҳияи Шоҳмансур
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чарабинии тантанавӣ доир гардид.
Чорабинии тантанавӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ворид намудани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллӣ шуруъ шуд. Кормандони сохторҳои гуногуни ноҳияи Шоҳмансур барои гиромидошти муқаддасоти миллӣ бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандорӣ даст пеши бар гирифтанд. Раиси ноҳияи Шоҳмансур ҳозирин ва меҳмононро бо ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлол табрик намуд.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону сиёсатмадорон ва кормандони сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҳузур доштанд.
Дар чорабинӣ Кароматулло Олимов - академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба сухан баромада, нисбати қадру гиромидошти Истиқлоли Ватан андешаронӣ намуда, изҳор дошт, ки Истиқлолият неъмати бебаҳост. Соҳибистиқлолӣ барои сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлате ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро фароҳам овард.
Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ сиёсатмадорон суханронӣ карда, таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд. Дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар ҳамаи соҳаҳои халқ аз ҷумла тандурустӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо рӯ ба инкишоф ниҳода, сатҳи некӯаҳолии мардум нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб боло рафтааст.
Умедҷон Сайдиллоев
ТВ "Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ