image

«Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем». Зери ин унвон ҳамоиши илмӣ-амалии ҷавонони пойтахт баргузор шуд

date_range08.09.2023, 09:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye208

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалии ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони сохтору бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, роҳбарият ва кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва фаъолҷавонони пойтахт иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд. Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.

Дар идома гуфта шуд, ки истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёсӣ боз намуд.

Нилуфар Талабова
"ТВ Душанбе"