image

Баргузории чорабинии ҷашниӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range08.09.2023, 10:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye247

Дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи таҷлили сазовори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат чорабинии зебои фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии ҷашнии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон масъулини ин муассисаи олии таълимӣ зикр намуданд, ки маҳз дастовардҳои даврони 32 соли Истиқлоли кишвар мардуми тоҷикро боз ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ наздиктар намуда, нишон дод, ки халқи бузурги тоҷик ҳифзи манфиатҳои миллии хешро ҳадафи волои худ қарор дода, барои рушди давлатдории миллии хеш пайваста талош меварзанд.

Гуфта шуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки маҳз самараи Истиқлоли давлати ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳдатгарои буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар мудати кутоҳи таърихӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назарас ноил гардидаст, ва мардуми кишвар бошад дар ҳавои орому осоишта умр ба сар мебаранд.

Дар идома як қатор устодони Донишгоҳ бо ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аълочии маориф ва илм ва ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдони шуданд.

Дар қисмати фарҳангии ҳамоиши устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳунармандони шинохта ва дастаи ҳаваскорони Донишгоҳ бо пешниҳоди таронаҳои дилнишини ҷашнӣ хотири иштирокдоронро болида намуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"