«Истиқлоли миллӣ: моҳият ва арзиши он дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф
Бахшида ба 32-юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ конференсияи илмию амалиро дар мавзӯи «Истиқлоли миллӣ: моҳият ва арзиши он дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд.
Дар конференсияи мазкур роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки Истиқлолият аз ҷумла дастовардҳои беназири халқи тоҷик аст, ки бо талоши фарзандони фарзонааш он ба даст омадааст. Ҳамин аст, ки ҳамасола солагарди он бо ташкили чорабиниҳои илмиву оммавӣ ва маърифатию сиёсӣ аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, ташкилоту корхона ва созмону ташкилоти гуногун қайд карда мешавад.
Иштирокчиён дар мавзӯҳои «Истиқлолияти Тоҷикистон ва маориф», «Истиқлолият- пояи устувори миллат», «Истиқлоли давлатӣ рамзи Ватану ватандорӣ» ва «Истиқлолият ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик» баромад намуданд. Дар раванди ин ҳамоиши илмӣ аҳамияти истиқлол мавриди баррасии ширкатдорон қарор гирифт.
Дар охири чорабинӣ ба кормандони фаъол сипоснома тақдим карда шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ