image

Форуми рушди ҳуқуқи инсон: “Чин Осиёи Марказӣ” 2023

date_range12.09.2023, 18:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye393

Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Форум доир ба ташаккули ҳуқуқи инсон баргузор гардид, дар он як гуруҳ роҳбарони расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои телевизиону радио аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат намуданд. 

Ташаббускори ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Бунёди Чин оид ба рушди ҳуқуқи башар маҳсуб ёфта, он аз ҷониби Маркази пахши барномаҳои Аврупо ва Осиё (нашриёти “Женьмин Хуабао”) дар назди Идораи табъу нашри адабиёт бо забонҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардид. 

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ҳамоиш мавриди таҳлилу баррасии иштирокчиён қарор гирифт, ин дар доираи ташаббуси “Як камарбанд ва роҳ” татбиқи силсилаи тадбирҳо дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳамчунин дарки масъулияти баланд аз ҷониби ҷавонон дар ин самт мебошад. 

Ҳадафи асосии ин чорабинӣ дар доираи “Як камарбанд ва роҳ” ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони давлатҳои мухталиф ҳамчун ҷузъи ҳуқуқи башар, таҳкими робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ҳамчунин саҳми Чумҳурии Мардумии Чин дар ин раванд арзёби гардид. 

Ёдрас мешавем, ки бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиши муҳими сатҳи байналмилалӣ директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Маъруфҷон Оқилов иштирок намуд.