Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияҳои Сино ва Варзоб дар Боғи «Кӯли ҷавонон»
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияҳои Сино ва Варзоб дар Боғи «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе аз 9-уми сентябр оғоз гардида, то 15-уми сентябр идома меёбад. Ин тадбир дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он таъмини ҳаёти шоистаи мардум, хоса ғанӣ гардонии дастархони сокинон бо маҳсулоти хушсифату дастрас, таъмини фазои мусоиди ҷашнӣ ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе маънидод мегардад.
Кишоварзон, намоядагони соҳаи саноат, ҳунармандон ва ошпазони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб дастовардҳои тамоми соҳаҳо, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва самараи меҳнати худро муаррифӣ ва бо арзиши дастрас барои меҳмонону дигар тамошобинон пешниҳод мекунанд.
Аҳли ҳунар ва заҳматкашони ин ду ноҳияи мамлакат намоиши бушукуҳро барои сокинону меҳмонони пойтахт ташкил намудаанд, ки барои тамошобинон ҷолибу диданӣ мебошад. Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар рушди ин соҳа зина ба зина таъминт гардида, иқтидорҳои мавҷуда пурсамар истифода мегарданд. Тибқи маълумот дар 7 моҳи соли равон 307 корхонаи саноатии ноҳияи Сино бо истеҳсоли 72 номгӯи маҳсулот дар ҳаҷми 957,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Дар ин тадбир ҳамчунин намоиши бошукӯҳи ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои ноҳияҳои Сино ва Варзоб ба тамошо гузошта шуд, ки ҳамагии он аз самараи даврони соҳибистиқлолӣ қисса мекард. Муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ, рассомону тарроҳони сару либос гӯшаҳои алоҳидаи худро ташкил намуда, барои тамошову истироҳати сокинон фазои мусоидро ташкил намудаанд.
Дар гӯшаи дигари боғ таомҳои миллӣ аз ҷониби таомпазони шинохтаи ин ду ноҳия ташкил карда шуд. Таомҳои лаззизу миллиро дар назди иштирокчиён таббохон омода кардаву пешниҳод сохтанд.
Кишоварзону ҳунармандон, саноатчиён ва дигар захматкашони ноҳияҳои Сино ва Варзоб сол аз сол дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки Истиқлол муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба дастовардҳои назаррас дастёб гардида, ба сӯи музаффариятҳои навин бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Чорабинии рангини фарҳангӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон» бегоҳирӯзӣ низ идома кард. Дар он намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Сино, Варзоб ва зерсохторҳои ин ноҳияи пойтахт ширкат намуданд. Лозим ба таъкид аст, ки баҳри фароғати хоҳишмандон тамоми шароит дар Боғ муҳайё карда шуда сокинон бошанд дар фазои тинҷу оромӣ рақсу бозӣ мекарданд. Меҳмонон бошанд аз гушаҳои омоданамудаи ҳунарҳои мардумии ноҳияи Варзоб ва Сино дидан карда аз он харидорӣ менамуданд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории мамлакат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутаммадин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Шаҳрдории Душанбе дар баробари бахшҳои дигари ҷомеа ба муҳайё сохтани шароити зарурии истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт низ таваҷҷуҳи махсус равона намудааст. Бо ин мақсад боғҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои истироҳатӣ ва гулгашту чаманистонҳо давоми солҳои охир аз навсозӣ шудаанд. Мақсади ташкили ин барномаҳо низ пеш аз ҳама таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мебошад. Дар чорабинӣ дастандаркорони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон баромад намуда, бо пешниҳоди суруду тарона хотири сокинонро шод намуданд. Зери суруду таронаҳои марғуб сокинони пойтахт, ки ба сайру гашти оммавӣ ба боғи фарҳангу фароғатии «Кӯли ҷавонон» омада буданд, рақсу шодмонӣ намуданд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ