Оғози мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба Ҳендбол
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе байни писарон ва духтарон Мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба Ҳендбол оғоз гардид.
Дар ин чорабинӣ, ки таи 3 рӯз идома мекунад, беш аз 100 нафар аз шаҳру ноҳияҳо, хосса аз вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии ҳудуди пойтахт иштирок менамояд.
“Ҳендбол”-инак, ба ифтихори 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти Ҷоми раиси ш.Душанбе Мусобиқаи кушоди навбатӣ дар пойтахт бо иштироки намояндагони мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов оғоз гардид.
Мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба Ҳендбол байни писарон ва духтарон роҳандозӣ шудааст, ки аз 12 то 14-уми сентябр ҷараён мегирад.
Ҳоло дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои гуногун аз рӯи 36 намуди варзиш ҷараён дорад.
Рушди соҳаи варзиш, хосса бунёду ташкили маҷмааҳои варзишӣ, майдончаҳо ва толорҳои гуногун и соҳавӣ имкон фароҳам сохт, ки дар ин самт дастовардҳои беназир ба қайд гирифта шавад.
Дар Мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба Ҳендбол барои дарёфти Ҷоми раиси ш.Душанбе 8 дастаи духтарон ва 7 дастаи писарон номнавис гардида, дар маҷмуъ 120 нафар барои дарёфти ҷом рақобат хоҳанд кард.
Бо ин мақсад дастаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, ноҳияи Шаҳринав ва донишгоҳҳои олии таълимӣ бо тайёрии комил ба ин чорабнии варзишӣ омадаанд.
Ҳенбол-варзиши намуди олимпӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аллакай маҳбубият пайдо менамояд.
Ҳоло барои рушду равнақи ин намуди варзиш дар заминаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов шароит муҳайё гардида, варзишгарони касбӣ омода карда мешвад.
Ҳамин тариқ бо такя ба имконоти фарох рақобати нахустини Мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба Ҳендбол барои дарёфти Ҷоми раиси ш.Душанбе байни дастаи духтарони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ва шаҳри Бохтар баргузор гардида, бо ҳисоби 23 бар 8 ба фоидаи дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ҷамъбаст гардид.
Байни писарон низ бозии аввал миёни дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ғолибияти Ҳендболбозони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов ба қайд гирифта шуд.
Мусобиқа давоми 3 рӯз баргузор гардида, беҳтаринҳоро муайян хоҳад кард, ки бо Ҷоми раиси ш.Душанбе сарфароз мегарданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ