image

Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид

date_range14.09.2023, 14:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye214

Ҳунармандони ноҳияи Рӯдакӣ барномаи фарҳангии худро дар Боғи фарҳангу фароғатии Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт карданд. Саҳни Шаршара бо шиору овезаҳои ҷашни оро дода шуда мардум бо як руҳияи идона ба базмгоҳ омаданд. Чорабинии мазкур бо тарануми сурудҳои ватандӯстона оғоз гардида, сокинону меҳмонони шаҳри Душанберо дар як руҳияи идона ба ҳам овард.

Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ аз намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз меҳмонон аз маҳсули дастранҷи ҳунармандони ноҳия дидан карда, ба маҳорати ҳунармандӣ ва кадбонугии занону бонувони ин минтақа баҳои баланд доданд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ноҳияи Рӯдакӣ ҳамагӣ бо тарҳ ва усулҳои хоси миллӣ пешниҳод гардида, ба ҷашнгоҳ таровати тоза зам намуд.

Боиси ифтихор аст, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 32 - юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ тантанаҳои идона дар тамоми боғҳои фарҳангии шаҳри Душанбе аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳар шом баргузор мегардад, ки тамоми сокинону меҳмонони пойтахт метавонад аз он дидан намоянд. Бояд зикр намуд, ки Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатдории мустақил, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Аҳли ҳунари ноҳияи Рӯдакӣ бо иҷрои суруду таронаҳои тарануми Ватан- Модар, Тоҷикистон, сулҳу ваҳдат ва ғайра хотири иштирокчиён ва меҳмонону сокинони пойтахтро шод гардониданд. Хотирасон мешавем, ки тадбири мазкур то 15-уми сентябр дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт идома меёбад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"