image

Дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Рӯзи дарҳои кушод доир гардид

date_range18.09.2023, 11:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye304

Дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии Муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки васеи роҳбарият ва кормандон ва аъзоёни маҳфилҳо рӯзи дарҳои кушод доир гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии Муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва дигар довталабон ширкат варзиданд. Нахуст масъулин сухан гуфта атрофи шароити мавҷудаи Маркази ҷумҳуриявии Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ фикру андешаҳои худро баён намуд. Иброз доштанд, ки шуруъ аз 15-уми сентябри соли равон дар тамоми Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машғулиятҳо оғоз гардида, масъулин бо роҳандозии рӯзи дарҳои кушод довталабонро қабул намуда истодаанд. Айни замон дар тамоми Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 61 ҳазор хонанда ба машғулиятҳо фаро гирифта шуда, барои онҳо шароити мусоиди таҳсилу омӯзиш таъмин карда шудааст.

Дар идомаи ҷамъомад роҳбарони маҳфилҳои амалкунандаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии Муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баромад намуда, атрофи маҳфилҳои худ ва ҳадафи онҳо ба ҳозирин маълумот доданд. Гуфта шуд, ки айни замон дар Маркази таҳсилоти иловагӣ маҳфилҳои омӯзишии ройгон аз фанҳои забони рӯсӣ, забони англисӣ, математика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, рассомӣ, дӯзандагӣ, тарроҳӣ, шашка шоҳмот ва футбол ба роҳ монда шудааст, ки дар онҳо довталабон аъзо гардида, таҳсил мекунанд.

Ба иттилоъи масъулин иштироки маҳфилчиёни Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии Муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар чорабиниву маҳфилҳо назаррас буда, дастовардҳои онҳо низ шоистаи таҳсин аст. Ҳамин аст, ки дар як вақт аз ҷониби роҳбарият ғолибони озмунҳо ва дигар маҳфилчиёни фаъол бо ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
ТВ Душанбе