image

Пешгирии ифротгароӣ ва дигар амалҳои номатлуб миёни ҷавонон - ташкили мулоқот бо ин мақсад дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range21.09.2023, 10:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye236

Баҳри пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар хизби ҳаракатҳои терористию экстремистӣ ва даъвати онҳо ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи хокимияти давлати ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки намояндагони Суди ноҳия, Шуъбаи дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ будаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, шуъбаи ВКД дар ноҳия, бахшҳои кор бо занон ва оила, дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, имомхатибони ҳудуди ноҳия ва дигар нафарон як мулоқоти судманд доир гардид.

Зимни ҷамъомад масъулин ба сухан баромада перомуни сабабу омилҳои гаравидани ҷавонону наврасон ба равияҳои хатарзо ва қонуншиканиву ҷинояткорӣ миёни хонандагони муассисаҳои ҳудуди ноҳия ба ҳозирин маълумот доданд. Зикр карда шуд, ки бояд ҷавонони имрӯза новобаста дар кадом самт кору фаъолият ва таҳсили илм менамоянд бонангу номус бошанду фирефтаи суханони ноҷавонмардонаи душманони миллат нашаванд, ва ҳамеша бо ақл ва идроки хеш амал намоянд.

Маърузачиҳо қайд карданд, ки ба андешаи мо даъватҳои Пешвои миллат Президенти мамлакат дар Паёмҳои ҳарсолаашон барои ҳар як фарди ҷомеа барномаи амал бошад, зеро имрӯз ҷаҳон ба як гирдоби пурхавфи экстремистӣ дучор гаштааст, ки зиракии сиёсиро тақозо мекунад ва ин ҳамоҳангсозии тамоми унсурҳои давлатиро барои ташаккули ҳисси ватандустиву ватандории ҷавонон талаб менамояд.

Ҳамзамон ҳозирин дар идома қайд намуданд, ки чунин мулоқоту вохӯриҳоро дар дигар муассисаҳои таълимӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия пайваста роҳандозӣ намуда истодааст.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"