Бозии дастаҳои “Истиқлол” –и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайли” –и Қатар
19-уми сенябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии футбол байни дастаҳои “Истиқлол” –и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайли” –и Қатар доир гардид, ки ҳаводорони зиёдро ба ҳам овард.
Дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳи дастаҳои “Истиқлол” –и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайли” –и Қатар андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар даври аввали гурӯҳи “Е” сурат гирифта, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуд ва бо натиҷаи мусовӣ 0 бар 0 ба анҷом расид. Мусовӣ бо дастаи таҷрибадори футболи Қатар, ки соли гузашта то ба даври ниманиҳоии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё рафта буд, натиҷаи назаррас аст. Агар дар қисми аввали бозӣ дастаи “Ал-Дуҳайл” дар майдон беҳтар буд, пас дар қисми дуюм бартари пурра ҷониби бозигарони дастаи “Истиқлол” буд. Чанд имкониятро футболбозони дастаи “Истиқлол” дар ихтиёр доштанд, лек аз он истифода бурда натавонистанд.
Шумораи зиёди мухлисон, ки 17 500 нафарро ташкил медоданд, албатта дар натиҷаи бозӣ саҳми хешро гузоштанд. Ҳаводорони футболи меҳан то лаҳзаҳои охир “Истиқлол”-ро дар майдон мухлисӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки бори аввал дар таърихи футболи тоҷик системаи VAR дар бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл» истифода бурда шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ