image

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

date_range21.09.2023, 14:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye478

Ню-Йорк, 20 сентябри соли 2023

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар шароити ҳассоси имрӯза ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар замони дигар ба ҳамгироӣ ва эътимод ниёз дорад.

Дар пасманзари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир мо имрӯзҳо шоҳиди таҳаввулоти нигаронкунанда дар арсаи байналмилалӣ ҳастем.

Терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани “ҷанги сард” ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ таҳдид мекунанд.

Ҳамзамон бо ин, оқибатҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим — гармшавии шадид, обхезӣ, хушксолӣ, сӯхтор ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин камобӣ ва гуруснагӣ ба аҳли башар хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.

Дар ин зимн, саъю талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи ин хатару таҳдидҳо ва расидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи-2030 амри ҳатмӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, мавзӯи ҷаласаи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро зери унвони «Барқарорсозии эътимод ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ: суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор дар самти сулҳ, шукуфоӣ, пешрафт ва устуворӣ» иқдоми саривақтӣ шуморида, аз он истиқбол менамоем.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Бо вуҷуди иқдомҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар татбиқи Рӯзномаи-2030 ҷиҳати ноил шудан ба аксари ҳадафҳои рушди устувор пешравиҳо ҳанӯз ҳам назаррас нестанд.

Дар ин раванд, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва кишварҳои хурди ҷазиравӣ, мутаассифона, мушкилоти зиёд бар дӯш доранд.

Тоҷикистон низ зимни татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ба мушкилоти алоҳида дар самти ҳадафҳои 1, 7, 12 ва 13 рӯ ба рӯ гардидаст.

Аз ин рӯ, мо дарк менамоем, ки раванди ҳамбастагӣ, маблағгузорӣ, татбиқи уҳдадориҳо ва дигар чораҳои амалӣ бояд тақвият дода шаванд ва ин амр тағйироти воқеан бунёдиро тақозо менамояд.

Бинобар ин, Тоҷикистон пешниҳоди Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро оид ба «Рӯзномаи умумии мо» дар ин хусус дастгирӣ кард.

Мо, ҳамчунин, аз иқдомоти Дабири кулл дар самти татбиқи Рӯзномаи-2030, аз ҷумла ҳамасола ҷудо намудани ҳадди ақалл 500 миллиард доллар ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва хурди ҷазиравӣ барои суръат бахшидан ба ин раванд истиқбол менамоем.

Мо, инчунин, ислоҳоти низоми байналмилалии молиявиро ба мақсади таъмин намудани маблағгузории устувор ва дарозмуддат барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилоти марбут ба иқлим ҷонибдорӣ мекунем.

Ҳозирини гиромӣ,

Тавре ки ҳамаи мо мушоҳида мекунем, таъсири тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад.

Соли равон мо шоҳиди ҳарорати баландтарини ҳаво дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидем.

Тибқи гузориши охири Созмони ҷаҳонии обуҳавосанҷӣ бо номи «Вазъи иқлим» гармшавии ғайримаъмулии ҳарорати ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ зиёдтар мушоҳида мешавад.

Пайомадҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз падидаҳои хеле нигаронкунанда мебошанд.

Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, таъсири тағйирёбии иқлимро бештар эҳсос менамояд ва яке аз кишварҳои осебпазири ҷаҳон дар ин раванд маҳсуб меёбад.

Офатҳои вобаста ба иқлим дар шакли ярч, сел, обхезӣ, хушксолӣ ва тармафароӣ дар Тоҷикистон ҳамасола ба вуқуъ пайваста, боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти инфрасохторӣ мешаванд.

Дар ин замина, Тоҷикистон ба Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ба мусоидат дар такмили низоми огоҳсозии бармаҳал, афзоиши сармоягузорӣ ва расонидани кумаки молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ равона гардидааст, аҳаммияти хосса медиҳад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои озмоишӣ дар татбиқи ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид — “Огоҳии бармаҳал барои ҳама” мебошад.

Дар ин ҷода мо омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Созмони Милал ва сохторҳои тахассусии он иброз медорем.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор пирях ба қайд гирифта шудааст. 60 фоизи захираҳои оби минтақа дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад.

Мутаассифона, тайи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях аз байн рафтааст, ки ин барои амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ба об ва нигоҳдории экосистемаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонида метавонад.

Обшавии босуръати пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза андешидани тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла пажӯҳиш, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот ва ҳамкориҳои амиқи байналмилалиро тақозо мекунад.

Дар ин росто, ба ҳамаи кишварҳои узв барои ҳамкорӣ дар қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» миннатдории худро иброз намуда, барои муттаҳид сохтани талошҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафмандонаи ин қатънома даъват менамоям.

Мо дар доираи Гурӯҳи навтаъсиси “Дӯстони пиряхҳо” ва берун аз он омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи ваколатҳои қатъномаи мазкур ҳастем.

Тоҷикистон мутмаин аст, ки ин иқдом ба андешидани тадбирҳои дастҷамъона ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Инчунин, мехостам аз натиҷаҳои бобарори Конфронси байналмилалии Созмони Милал оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ёдовар шавам.

Бовар дорам, ки татбиқи уҳдадориҳои дар Конфронс гирифтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли дигар масъалаҳои байналмилалии вобаста ба об мусоидат хоҳад кард.

Чанде пеш Маҷмаи Умумӣ қатъномаи навбатиро оид ба пайгирии натиҷаҳои Конфронси мазкур, ки аз ҷониби Тоҷикистон, Нидерланд ва Сенегал пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.

Умед дорем, ки кишварҳои аъзо ва дигар шарикон ба талошҳои мо дар ин ҷода пайваст хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи “Об барои рушди устувор”, ҳамчунин, соли 2025 Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Интизор дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ иштироки фаъол хоҳад дошт.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар рӯзномаи глобалии об ва иқлим ҷиҳати рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳо ва созмонҳо минбаъд низ талош хоҳад кард.

Дар шароити муосир ташаккули «иқтисоди сабз» яке аз вазифаҳои мубрами инсоният гардидааст.

Дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ аз манбаи барқароршаванда, яъне гидроэнергетика истеҳсол мешавад ва Тоҷикистон аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорад.

Истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад барои рушди тавлиди “энергияи сабз” дар тамоми минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.

Мо нақши “Хазинаи иқлими сабз”-ро дар раванди ҳаллу фасли масоили экологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусбат ва созанда медонем.

Бо пуштибонӣ аз Нақшаи навбатии стратегии Хазина барои солҳои 2024-2027 аз давлатҳои узв, бахусус кишварҳои мутараққӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки дар маблағгузории татбиқи он саҳмгузор бошанд.

Дӯстони азиз,

Дар ҷаҳони имрӯза ҳамбастагии минтақавӣ ва ҳамгироӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Ин ба кишварҳо имкон медиҳад, ки мушкилоти ҷориро ҳал намуда, ба пойдории сулҳу субот мусоидат кунанд ва ба ҳолатҳои фавқулода вокуниши фаврӣ нишон диҳанд.

Ҳоло, дар натиҷаи тадбирҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ фазои мусоид фароҳам омадааст.

Вохӯрии машваратии панҷуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, инро собит сохт.

Ин иқдом ба устувории фазои сулҳ, ҳамкорӣ, рушди мунтазам ва шукуфоӣ дар минтақаи мо мусоидат хоҳад кард.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Амнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бевосита ба вазъи Афғонистон вобастагӣ доранд.

Афғонистон ҳанӯз ҳам дучори вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Тавре Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зикр карданд, наваду ҳафт фоизи аҳолии Афғонистон дар ҳолати фақр қарор дорад.

Бо дарназардошти чунин вазъи душвор, Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар муроҷиат намоям, ки ҳаҷми кумакҳои башардӯстонаро ба мардуми азияткашидаи Афғонистон бештар гардонанд.

Дар ин росто, мо омодаи ҳамкориҳои минбаъда бо шарикони байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҳастем.

Мо ҳамоно роҳандозии муколамаи байниафғонӣ ва таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иҷтимоӣ заминаи муҳимми расидан ба сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон медонем.

Қочоқи маводи мухаддир махсусан аз қаламрави Афғонистон дар ду соли охир бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар марз бо ин кишвар беш аз 10 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки назар ба солҳои пеш чандин маротиба зиёд аст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025 пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад.

Мо ният дорем, ки соли 2024 дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Душанбе Конфронси навбатии байналмилалиро оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он баргузор намоем.

Тоҷикистон бори дигар таъкид мекунад, ки вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалии имрӯза бояд фарогир бошад.

Дар робита ба ин, чунин мешуморем, ки Дафтари мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид метавонад ва бояд дар татбиқи ҳамаҷониба ва мутавозини Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмон ва дигар санадҳои дахлдори он фаъолияти муассир дошта бошад.

Кӯшишҳо, инчунин, бояд барои пешгирӣ аз сӯиистифодаи интернет ба мақсади таблиғу ташвиқи тундгароӣ, ифротгароӣ ва зӯроварӣ равона карда шаванд.

Тоҷикистон аз арзёбии ҳаштуми Стратегияи ҷаҳонии мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ қабул гардид, истиқбол менамояд.

Бовар дорем, ки ин санад барои роҳнамоии минбаъдаи талошҳои зиддитеррористии мо як заминаи устуворро фароҳам меоварад.

Ҳозирини гиромӣ,

Ҷомеаҳои мо тавассути робитаҳои фарҳангӣ, урфу одат ва эътиқодоти гуногун ба ҳам пайванд мебошанд.

Ин ҳамбастагӣ барои зисти осоишта дар фазои ҳамдигарфаҳмии фарҳангу динҳои гуногун заминаи хубест.

Дар ин робита, зуҳуроти тафриқаандозӣ, хусумати нажодӣ ва динӣ, бо дарки пайомадҳои манфии онҳо, ғайри қобили қабул мебошад.

Амалҳои зикршуда, инчунин, тобиши сиёсӣ додан ба масоили дину мазҳаб метавонанд пояи ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳониро коста гардонанд.

Поймолкунии эҳсоси диниву мазҳабӣ, нафрат ва зӯроварӣ нисбат ба ҳар гуна дин ё эътиқод оқибатҳои фоҷеабор дорад.

Чунин амалкардҳои иғвоангезона дар аксари ҳолатҳо асоси таҳаммулнопазирӣ ва нобоварӣ гардида, боиси ихтилофу низоъ байни тамаддунҳо мешаванд.

Ба ин манзур, Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд.

Тоҷикистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатъномаи Маҷмаи Умумӣ зери унвони «Рушди муколамаи байнидинӣ ва фарҳангӣ ва таҳаммулгароӣ дар муқобила бо нафрат» бори дигар аҳаммияти муколамаю ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳоро дар раванди таҳкими сулҳ таъкид мекунад.

Мо чунин мешуморем, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои таҳаммулгароӣ ва сулҳу дӯстӣ беҳтарин василаи муқовимат ба иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, таассуб, хушунат, ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошад.

Биёед, дар муқобили амалҳое, ки моро аз ҳам ҷудо мекунанд, муттаҳид бошем ва ба сӯи ҷаҳоне ҳаракат кунем, ки эҳтиром ва шинохтани қадри ҳамдигар асоси он бошад.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳу субот саъй дорад, ки барои солҳои 2028-2029 узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро касб намояд.

Бо истифода аз фурсат, аз кишварҳои узв даъват мекунам, ки аз номзадии кишвари мо дар интихоботи соли 2027 дастгирӣ намоянд.

Дар фарҷоми суханронӣ мехостам бори дигар таъкид намоям, ки расидан ба ҳамаи ҳадафҳои мувофиқашудаи мо танҳо бо роҳҳои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамоҳангсозӣ, ҳамгироӣ ва таҳаммулгароӣ имкон дорад.

Дар ин росто, мехоҳам аз мисраъҳои шоир, нависанда ва мутафаккири маъруфи тоҷику форс Саъдии Шерозӣ, ки ба мавзӯи ҳамоиши имрӯзаи мо ва татбиқи нақшаҳои зикршуда мувофиқ ва муносибанд, ёдовар шавам:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!