Вазъи ҳаво дар чанд рӯзи оянда
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгӯйии вазъи ҳаво иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои оянда дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кутоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо ҳаво асосан тағйирёбандаи бебориш пешгӯйӣ мешавад. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ мегӯянд, давоми ду рӯзи оянда ҳаво дар водиҳо ва минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеи марказ шабонарӯзӣ аз 8 то 30 дараҷа гарм боқӣ мемонад.
Тибқи пешгӯйиҳои пешакӣ ва нишондиҳандаҳои таҳлилӣ ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи октябр дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар ҳадди меъёр то 2 дараҷа баланд мешавад. Вале вазъи ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ 1 дараҷа аз меъёри иқлимӣ паст пешгӯйи мешавад. Ҳамин тавр ҳарорати ҳаво дар нимаи аввали моҳи октябр гарм ва тағйирёбандаи бебориш боқӣ мемонад. Дар нимаи дуюми моҳи октябр дар водиҳо пастшавии дамои ҳаво пешгӯйи мешавад.
Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои аз 22 то 24-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ асосан ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯйӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо шамол дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад ва чангу ғубор низ ба амал меояд. Дар ин замина хотиррасон мешавем, ки дурустии пешгӯйиҳои обсанҷӣ дар моҳи августи соли 2023 дар умум 90% (2022-89%)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 1% баланд ба қайд гирифта шуд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ