image

Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Рӯзи дарҳои кушод гузаронида шуд

date_range21.09.2023, 14:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye267

Тибқи Нақшаи кории Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар Муассиса «Рӯзи дарҳои кушод» ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он теъдоди зиёди хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, омӯзгорон ва падару модарон иштирок намуданд.

Сараввал директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хонандагонро ба ин даргоҳи илму ҳунар хайрамақдам гуфта, доир ба фаъолияти Муассиса ва маҳфилҳои дар он амалкунанда маълумоти мухтасар дод. Тавре гуфта шуд, таҳсил дар маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст ва кудакону наврасон метавонанд вақтҳои холигии худро ба омухтани забонҳои хориҷи ва ҳунарҳои гуногун сипари кунанд.

Сипас хонандагони дар басти I-и муассисаҳои таълимии пойтахт, ки ба Муассиса ташриф оварда буданд, бо шароити маҳфилҳои амалкунандаи «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» аз наздик шинос шуда, бо роҳбарони маҳфилҳо ҳамсуҳбат гардиданд. Дар ин рӯз шумораи зиёди хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт бо мақсади такмили дониш ва маҳорату истеъдоди худ ба маҳфилҳои писандидаашон худро номнавис намуданд.

Тибқи иттилоъ дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» зиёда 40 маҳфилҳои забономҳзию ҳунаромӯзӣ ва бадеию варзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибкасбу соҳибтаҷриба машғулият мегузаронанд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"