image

Вохӯрии намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо табибон

date_range22.09.2023, 09:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye552

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамзамон иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и пойтахт бо ширкати роҳбарият ва кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе мулоқот доир гардид.

Бо иштироки роҳбарият, кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он дар толори Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мулоқоти масъулини Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ доир шуд.

Зимни суханронии хеш намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баромад карданд. Бояд гуфт, ки аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии амалисозии Барномаи идоравии (соҳавии) Раёсат дар соли 2023 ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои соли 2023 тартиб дода шуда, ба сохторҳои дахлдори раёсат ирсол гардидааст.

Дар ҳамоиши мазкур қайд карда шуд, ки дар воқеъ, ин падидаи номатлуб-амалҳои коррупсионӣ ба пешрафт ва гулгулшукуфоии ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид сохта, монеаи рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим мегарданд.

Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишвар дар бар мегирад.

М.Мирхолова
"ТВ Душанбе"