image

Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба таэквондо WT барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе

date_range25.09.2023, 10:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye213

Бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба таэквондо WT барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, варзишгарон ва ҳаводорони ин риштаи варзиш иштирок карданд.

Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пайравӣ ба иқдомоти Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аҳамияти хосса зоҳир менамоянд ва дар ин самт бо роҳандозии нақшаву барномаҳои мушаххас тадбирҳои лозимиро пайваста амалӣ месозанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ташкили чунин мусобиқаҳои варзишӣ барои бозҳам рушд додани ин соҳа ва дарёфти варзишгарони нав мусоидат менамояд ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат клубҳо ва мактабҳои варзишӣ амал менамоянд ва дар онҳо гурӯҳҳои таэквондо машқ мекунанд, ки наврасону ҷавонон ҳамарӯза ба тамрин машғул мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола варзишгарони кишвар аз ин намуди варзиш дар мусобиқаҳои байналмилаллӣ иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва бо шарофати онҳо парчами Тоҷикистон баланд бардошта мешавад.

Дар охири чорабинӣ ғолибон муайн гардиданд. Ҳаминтавр варзишгарони дастаи Душанбе 2 - соҳиби медалҳои нуқра шуданд. Дастаи Душанбе 1 - бошад бо ҷоми Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"