Маросими гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Сарбози Ватан будан ифтихор аст!"
Ба муносибати Рӯзи даъватшаванда дар пойтахт бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд.
Ҳамасола дар кишвар санаи 1-октябр маросими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ оғоз мегардад, ки он бо баргузории чорабиниҳои тантанавӣ, роҳандозӣ карда мешавад. Имсол низ дар робита ба Фармони Президенти ҶТ аз 31-уми августи сентябри соли 2023 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ин маросим оғоз гардид.
Бо ин мақсад Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12-сентябри соли 2023 “Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ” ба имзо расида дар ин доира маъракаи гусели наваскарон аз ш.Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ оғоз гардид.
Маросими гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ таҳти унвони "Сарбози Ватан будан ифтихор аст!" дар муассисаи давлатии Аҳорун роҳандозӣ гардид. Дар чорабини роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони сохторҳои марбута, комисариятҳои ҳарбӣ сарбозону ҷавононе, ки алакай барои хизмат ба Ватан софдилона ва ихтиёрӣ омода буданд ҳамчунин ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ва волидайни онҳо иштирок карданд.
Муовинони Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, ва дигар намояндагони вазорату идораҳо суханронӣ карда, даъватшавандагонро ба ин рӯз самимона табрик намуданд ва барои адои хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусалаҳи мамлакат мардонагиву шуҷоатмандиро таманно намуданд.
Тавре қайд гардид сол аз сол шароити техникии ҳарби дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар беҳтар шуда истодааст, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити арзанда барои химатчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин имкониятҳои фароҳамгардида насли ҷавони кишварро вазифадор месозад, ки аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ накарда барои ҳифзи марзу буми кишвар доимо омода бошанд. Зеро таъмини амнияти давлат аз ҳимояи марзу буми он вобастагӣ дорад. Дар ин маросим ба ҷавононе, ки дар мактаби муттаҳидаи техникии ҷумҳуриявии Ташкилоти ҷамъиятии Мададгори мудофиаи ҶТ таҳсин карда буданд, ҳуҷҷати ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт супорида шуд.
Дар идома чун анъана маросими нонгазон сурат гирифт. Чорабинӣ дар фазои сулҳу субот бо ташкили машқҳои ҳарбӣ идома кард.
Сипас барномаи рангини консертӣ баҳри болидарӯҳии ҳозирин пешниҳод шуд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ