image

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишии Таеквандо ITF баргузор гардид

date_range02.10.2023, 13:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye304

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази тараққиёти таеквандо ва кикбоксинги шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишии Таеквандо ITF баргузор гардид.

Дар мусобиқа Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло, Директори маркази тараққиёти таеквандо ва кикбоксинги шаҳри Душанбе – Яҳёев Мирсаид ва варзишгарон иштирок намуданд.

Дар кушодашавии мусобиқа масъулин суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори соҳа ва федератсияву ҷамъиятҳои варзишӣ тавсеа бахшида, барои ташаккули варзиши касбӣ ва камолоти варзишгарон дар ҳамаи навъҳои он мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки сабқатҳо байни ҷавондухтарон ва ҷавонписарон аз рӯи намуди «Таеквандо ITF», доир гардид, ки дар натиҷаи қувваозмоиҳо ғолибон муайян карда шуданд.

Дар фарҷом ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Қандил Мардонов

"ТВ Душанбе"