image

Дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба кори худ анҷом бахшид

date_range09.10.2023, 14:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye293

Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба кори худ анҷом бахшид.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем дар Намоишгоҳ зиёда аз 7-кишвари дунё аз он ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон Эрон ва беш аз 30 муассисаи нашрияи дохилӣ аз қабили Муассисаи нашриявии “Маориф”, “Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик”, “Нашриёти муосир”, “Ирфон”, “Адиб” “Эр Граф”, Корхонаи воҳиди давлатии “Шарқи озод”, “Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон” ба номи Садриддин Айнӣ ва ғайра фаъолона ширкат намуданд.

Маросими пӯшидашавии намоишгоҳ бо ширкати муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ сурат гирифт.

Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкаткунандагони Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» барои тарғиби китобу китобдорӣ таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии кишварҳои ба мо дӯсту бародар ва таблиғи тавсияи мутолиа дар ҷомеа арзи сипос намуд.

Дар ин маросим барои ширкати фаъолона ва таблиғи китобу эҷоди иртиботи ногусастании фарҳангӣ бо кишварҳои ширкаткунандаи Намоишгоҳ ва ноширони мамлакат ифтихорномаву сипоснома тақдим гардид.

Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2010 инҷониб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар пойтахти кишвар Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии китоб таҳти унвони «Китоби Душанбе» ҳамчун як рукни пойдории фарҳанг ва иртиботи фарҳангӣ бо ноширони кишварҳои дӯст баргузор мегардад.

Қандил Мардонов

"ТВ Душанбе"