image

Омодагии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ ба давраи тирамоҳу зимистон

date_range13.10.2023, 11:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye429

Дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28-уми майи соли 2023 таҳти рақами 125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти зимистони солҳои 2023-2024» ва иҷрои супориши протоколии ҷаласаи машварати назоратии назди раиси шаҳри Душанбе аз 26-уми сенятбри соли 2023 таҳти рақами 25, Гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовинони раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, Толиб Раҳимзода, роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ, мудири шуъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, сардори ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе ва намояндагони мақомоти дахлдор дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба санҷиши ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, захираҳои сӯзишворӣ ва маводҳои зиддилағжиши муассиса ва раёсатҳои истифодабари роҳҳои ноҳияҳои шаҳри шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 бо вазъи омодагии РИР-и ноҳияи Фирдавсӣ шинос шуданд.

Дар ҳузури ҳайати Гурӯҳи корӣ ҳолати кории мошинҳои соҳавӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.

Дар Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, Нақшаи зимистонгузаронӣ таҳия гардида, корҳо дар самти захира намудани маводи сӯхт, ҳаҷми зарурии маводи зиддилағжиш ва дигар ашёи зарурӣ 100 фоиз иҷро гардидааст.

Захираи маводи зиддилағжиш, сӯзишвории дизелӣ, бензин, ҳезум, ангишт, равғани дизелӣ, антифриз ба миқдори нақшаи тасдиқгардида, иҷро шудааст.

Гурӯҳи корӣ ҳангоми боздид аз анбори захираи маводи зиддилағжиш дар масъалаи пошидани намаки техникӣ ба роҳҳои мошингард ва пиёдагардӣ мубодилаи афкор намуда, аз таҷрибаи соли гузашта мисол оварда қайд намуданд, ки дар зимистони солҳои 2022-2023 барои пешгирӣ аз яхбандии ҷодаҳо намак дар роҳҳои автомобилгарди баъзе кӯчаву хиёбон аз меъёри муқаррарӣ зиёд пошида шуд, ки дар натиҷаи он гулҳои садбарги кӯчаи Соҳилӣ баъди гарм шудани ҳаво ба зардшавӣ ва сӯхтану хушк шудан расиданд.

Тавсия дода шуд, ки имсол барои пешгирӣ аз яхбандии ҷодаҳо ба роҳҳои пиёдагардӣ ва автомобилгарди пойтахт, намаки бо қум омехта бипошанд. Агарчи қум баъд аз хушк шудан чанг мешавад, аммо тоза кардан чанг тавассути шустани роҳ бо об, беҳтар аст аз хушк шудани гулҳое бо заҳмати зиёд парвариш карда мешавад.

Дар РИР-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кормандон бо либоси кории зимистона таъмин буда, ҳамзамон дар анбори муассиса либосҳои зимистона ва дигар ашёву лавозимоти корӣ захира карда шудааст.

Умедҷон Сайдиллоев

"ТВ Душанбе"