image

БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ - ВАЗИФАИ ҲАР ФАРДИ ҶОМЕА

date_range18.10.2023, 08:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye287

ш.Душанбе. 17.10.2023. Таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир гардид.

   Дар ҷаласа намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, директорони коллеҷу литсейҳои шаҳри Душанбе, сардорони раёсат, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

   Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим оид ба иҷрои нусха аз Протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 26 сентябри соли 2023, №25, банди 2, сархати 3, ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҳама қишрҳои ҷомеа бо мақсади таҳкими пояҳои сулҳу осоиштагӣ, дӯстиву рафоқат, муҳаббату садоқат ба давлату миллат, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, пуштибонӣ аз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористию экстремистӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуда баҳри амали гардидани супоришҳои мазкур ҳозиринро вазифадор намуданд.