image

ҚАДРДОНИИ ҶОИЗАДОРОНИ БОЗИҲОИ ОСИЁӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

date_range19.10.2023, 17:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye446

19.10.2023. ш.Душанбе. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷоизадорони 19-умин Бозиҳои Осиёиро ба ҳузур пазируфтанд.   

  Раиси шаҳри Душанбе варзишгаронро барои ноил гардидан ба медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ дар 19-умин Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. 

   Ҳамчун нишони қадрдонии Раиси шаҳри Душанбе, ба Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) ва Давлат Болтаев (бокс) калидҳои хонаи 3 ҳуҷрадор, ба Темур Раҳимов (ҷудо) калиди хонаи 2 ҳуҷрадор ва ба Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо), Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров (кураш) ва Миҷгона Самадова (бокс) калидҳои хонаҳои 1 ҳуҷрадорро тақдим намуданд. 

   Хотиррасон менамоем, ки Бозиҳои 19-уми Осиёӣ аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Ҳангжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид ва варзишгарони мо аз онҷо бо 7 медал - ду тилло, як нуқра ва чор биринҷӣ ба ватан баргаштанд.   

 Дар охир муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгарон барои ширкат дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно намуда, қайд карданд, ки ҷавонони бо нангу номус ин муаррифгар ва номбардори ватани хеш маҳсуб ёфта, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами Миллат қарор доранд.