image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТӢ БО ИШТИРОКИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 

date_range20.10.2023, 18:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye381

Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2023-2024, таҳлилу баррасии амиқи як қатор мавзӯъҳои муҳим, вазъи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии пойтахт, ҷаласаи кории Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. 

Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурзода, сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, роҳбарон ва доираи васеи намояндагони муассисаҳои тиббӣ, дар толори Муассисаи давлатии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе сурат гирифт. 

Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар вобаста ба роҳу усулҳои боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ, мубориза алайҳи бегонапарастиву равнақ додани ҳудогоҳии миллӣ миёни кормандони соҳаи тибб ва дар умум ҷомеа суханронӣ намуданд. 

Ҳамзамон дар рафти ҷаласа вазъ ва ҳолати омодабошии муассисаҳои тандурустии пойтахткишвар ба давраи зимистони солҳои 2023-2024, мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуд. 

Дар кори ҷаласа як зумра масъалаҳои дигар аз қабилӣ; бароҳ мондани хизматрасонии босифати тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, мунтазам ташкил ва гузаронидани корвонҳои саломатӣ, муайян ва муолиҷаи саривақтии бемориҳои сироятӣ, мубориза алайҳи бемориҳои ВНМО, сил, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ҷиҳати боло бурдани хизматрасонии тиббӣ, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.     

Дар фарҷом ҷиҳати расидан ба дасторвадҳои бештар, ҳаллу фасли саривақтии мушкилоти ҷойдошта, иҷрои саривақтии дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармашқи фаъолияти хеш қарор додани татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатӣ, ба роҳбарон ва масъулони муассисаҳои тиббӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.