image

Ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гашт

date_range10.11.2023, 10:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye338

Дар шароити сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардидани Рӯзи милитсияи тоҷик натиҷаи матонату ҳушёрӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқату ватандӯстии кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини вазорат, масъулини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат намуданд.

Зикр шуд, ки вақте ки ба таърихи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибихтиёр назар мекунем, мебинем, ки он пур аз саҳифаҳои корнамоиву фидокорӣ ва ҷасорату ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллату Ватан мебошад. Зеро онҳо дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи шараф ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрӯи халқу давлати худ дар сафи пеши мубориза қарор доштанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"