image

Форуми ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Ҳамсафони Пешвои миллатем”

date_range10.11.2023, 10:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye271

Тибқи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо мақсади сазовор таҷлил намудани 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони “Ҳамсафони Пешвои миллатем” баргузор гардид.

Дар кори форум раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, раисони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои пойтахт, масъулини “Осорхонаи миллӣ”, намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини сохторҳои ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, олимону муҳаққиқон, аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар форум раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баромад намуда, кули иштирокчиёнро ба ифтихори 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд.

Зимнан иштирокчиён бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво роҷеъ ба нақш ва мақоми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлати навини тоҷикон ва мақоми сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ баромад намуданд. Қайд гардид, ки воқеан ҳам яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи ин миллат нақши барҷастае дорад. Мин ҷумла, таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосияи тақдирсоз як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.

Қабл аз оғози намоиши филми «Марди Роҳ» роҳбарияти КИ ХХДТ дар н.Шоҳмансур баромад намуда, қайд намуд, ки воқеан яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ мебошад ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"