image

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ

date_range10.11.2023, 16:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye261
10.11.2023, шаҳри Душанбе

Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ!

Дар ибтидо ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, собиқадорон ва ҳар яки шумо – ҳозирини гиромиро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузошта истодаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз дорам, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.

Тибқи қонунгузорӣ масъулияти басо муҳимми давлатӣ – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба уҳдаи мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.

Кормандони ин ниҳоди бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ аз оғози расидан ба истиқлолу озодӣ ҳимояи ин неъмати гаронбаҳои давлату миллат, яъне вазифаи муқаддаси худро сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Барқарорсозии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таъмин намудани шароиту муҳити орому осуда барои зиндагии мардум ва корҳои ободониву созандагӣ, ки имрӯз дар кишвар густаришу тавсеа пайдо карда истодааст, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад.

Муҳтарам сарбозону афсарон!

Қӯшунҳои дохилӣ яке аз сохторҳои муҳимми Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум басо арзишманд мебошад.

Дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбию ҷангӣ нишон доданд.

Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд.

Имрӯз низ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун ниҳоди боэътимоди ба душвориҳо тобовар вазифаҳои хизматии худро содиқона иҷро карда истодаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба изтиробу нигаронӣ овардаанд.

Ман дар суханрониҳои худ тайи чанд соли охир борҳо таъкид карда будам, ки бар асари мухолифату низоъҳо дар миёни абарқудратҳо, мусаллаҳшавии бошитоб ва торафт шиддат гирифтани «ҷанги сард» вазъияти ҷаҳон пешгӯинашаванда гардида истодааст.

Тавре ки имрӯз мебинем, мухолифату низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ, диниву мазҳабӣ ва фарҳангиву тамаддунӣ ба андозае шиддат пайдо кардаанд, ки оқибати раванду ҳодисаҳои дунёро ҳатто барои чанд рӯзи оянда пешгӯӣ кардан ғайриимкон гардидааст.

Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ, сохторҳои ҳарбӣ, хусусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ бояд ҳамеша ҳушёр бошанд, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи амнияту оромии ҷомеа ва давлат, ҳимояи боэътимоди марзу буми Ватан, зиндагии осудаи сокинони мамлакат ва заҳмати ободгаронаи сокинони кишварро таъмин намоянд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат зиёда аз 400 иншооту биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Аз ҷумла танҳо дар даҳ соли охир дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ даҳҳо иншооти нав сохта, ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ аз таъмири асосӣ бароварда, бо шароити беҳтарини зиндагиву хизмат ва таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд.

Бо дарназардошти шароиту имкониятҳои муҳайёгардида, дастур дода мешавад, ки қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ба Бригадаи фаврии таъиноти махсус табдил дода шавад.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат, дар баробари фароҳам овардани шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои кормандони мақомоти милитсия, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ва таҳкими асосҳои моддиву техникии онҳо, инчунин, хизмати содиқонаи ҳомиёни Ватан ва қонунияту тартиботро ҳамеша қадршиносӣ менамояд.

Барои шуҷоату мардонагӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани уҳдадорию вазифаҳои хизматӣ то имрӯз садҳо нафар кормандони милитсия ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Афсарону сарбозони шуҷои Ватан!

Шумо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари мо бо заҳмати зиёд, инчунин, матонату шуҷоати ҳазорон нафар фарзандони содиқи Ватан ба даст омадааст.

Ҳимояи истиқлолу озодӣ, амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳаёти осудаи мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз ба дӯши шумо гузошта шудааст.

Иҷрои ин вазифаи муқаддас аз ҳисси баланди миллӣ, масъулиятшиносӣ, қобилияту маҳорати касбии ҳар яки шумо ва муҳимтар аз ҳама, аз садоқати шумо ба халқ, Ватан ва давлати худ вобастагӣ дорад.

Дар ин раванд, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, малакаву маҳорати касбӣ ва албатта, риояи ҳатмии қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизому тартибот вазифаи роҳбарони мақомот, ҳайати фармондеҳӣ ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ мебошад.

Бовар дорам, ки шумо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худ минбаъд низ омода буда, ба савганди ёдкардаи хеш содиқ мемонед.

Бори дигар тамоми кормандони милитсия ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро ба ифтихори Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тандурустӣ, бахту саодат ва дар кору зиндагиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҷашни касбӣ муборак бошад, ҳомиёни қонунияту тартибот ва фарзандони содиқи Ватан!