Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ
Дар доираи таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Бахшида ба 31 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ва симои идона оро дода шуда буд. Зеро таърихи навини кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ин Иҷлосияи тақдирсоз сарчашма мегирад.
Дар ин макон сокинони касбу кори гуногуни ноҳия дастовардҳои хешро аз қабили ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои соҳаи маорифу фарҳанг, варзишӣ ва дигар бахшҳоро ба намоиш гузошта буданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода дар якҷоягӣ бо роҳбарият ва масъулини ноҳияи Фирдавсӣ аз ин намоишгоҳ дидан карда, ба ҳунару маҳорати сокинони ноҳия баҳои баланд доданд, зеро сокинон бо истиқбол аз ин ҷашнҳои милию таърихӣ тамоми ҳунару маҳорати хешро дар ин макон пешкаш намуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки таърихи нави давлатдории тоҷикон гувоҳ аст, ки Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ, ки 31-сол муқаддам дар ҳамин рӯзҳо дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд, дар ҳаёти сиёсии кишвари мо гардиши куллӣ буд, ки бо саъю ибтикороти фарзонафарзанди миллат, Меъмори сулҳ ва Пешвои муаззами миллат давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба самти низоми нави давлатдории дунявӣ, ҳуқуқбунёду демократӣ равона шуд ва ҳамин тариқ ба дипломатияи муваффақ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсӣ ноил гардид.
Дар дигар макон наврасони муассисаҳои томактабии ҳудуди ноҳия бо рақсу бозиҳои гуногун ва сурудани таронаҳо дар васфи кишвари азизамон Тоҷикистон ба ин макон зебоии дигареро зам менамуд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ