image

Чорабинии тантанавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range17.11.2023, 10:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye352

16 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар» чорабинии тантанавӣ ва барномаи фарҳангии идона баргузор гардид.

Қабл аз оғози чорабинии тантанавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни Гимназияи рақами 4 намоиши мусаввараҳо, ки ифодагари 29-соли Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамзамон дар гӯшаи дигар асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон низ ба маърази тамошои иштирокчиёни чорабинии идона гузошта шуда буд. Чорабинии тантанавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода шуруъ шуд.

Мавсуф изҳор дошт, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон шахсиятҳои таърихии барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки дар марҳалаву вазъиятҳои барои давлаташон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст.

Дар чорабинии тантанавӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, олимону муҳаққиқон, шоиру нависандагон, кормандони соҳаи маорифи пойтахт ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Ҳамзамон дар ин рӯз хамчунин ба ғолибони Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат», ки бо ташаббуси бевоситаи Раиси Маҷлиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори нахуст роҳандорзӣ гардид, диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ барномаи рангини коснертӣ манзури иштирокчиён гардид. 

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"