Ташрифи корвони журналистон ба шаҳри Душанбе
Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо дигаргуниҳои куллии пойтахти азизамон ва дар расонаҳои маҳаллии худ таблиғ намудани ин пешравиҳои беназир бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корвони журналистон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе рӯзи 21-уми ноябри соли 2023 ташриф оварданд.
Ҳайати рӯзноманигорон ва иштирокчиёни хатсайри корвони иттилоотии журналистон ба шаҳри Душанберо дар саҳни меҳмонхонаи Душанбе роҳбарияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва намяонадгони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешвоз гирифтанд.
Тавре, ки иттилоъ дода шуд, бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо дигаргуниҳои куллии пойтахти азизамон ва дар расонаҳои маҳаллии худ таблиғ намудани ин пешравиҳои беназир бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корвони журналистон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе рӯзҳои 21-25 ноябри соли 2023 ташкил карда мешавад.
Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбе аз баракати заҳмати шабонарӯзии роҳбарияти он, махсусан талошҳои ҳамешагии Раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ лаҳза ба лаҳза дигаргун мегардад. Садҳо иншооти нав, биноҳои баландошёна ва замонавӣ, боғҳои фарҳангу фароғат, корхонаҳои тавлидотӣ ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ далеле аз ободиофариву ободкориҳост. Дар баробари ошноӣ бо пойтахт ва мавзеъҳои дилфиреби он корвони 35 нафараи журналистон аз студияи таълимии факултаи журналистика, Осорхонаи Пешвои миллат ва сохтмонҳои нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуда, аз журналистони варзидаи кишвар дарсҳои маҳорати касбӣ мегиранд. Инчунин дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Душанбе - қалби Тоҷикистони соҳибистиқлол» доир мегардад.
Корвони иттилоотии журналистон ба шаҳри Душанбе рӯзи 25 ноябр анҷом меёбад. Иштирокчиёни он дар муддати шиносоӣ бо пойтахти кишвар бо фаъолияти ҳамкасбони худ низ ошно гардида, табодули таҷриба мекунанд ва ба коргоҳҳои нави саноатии шаҳри Душанбе мераванд. Ҷоиз ба ёдоварист, ки ҳайати корвон аз сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иборат буда, онҳо таассуроти хешро аз ин сафари эҷодӣ ҳам тавассути воситаҳои ахбори анъанавӣ ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ тарғиб хоҳанд кард.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ