image

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range24.11.2023, 10:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye218

Ҳамдиёрони гиромӣ, ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.     

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 24-уми ноябр сурат мегирад, барои мардуми кишвар беназир ва арзишманд дониста шуда, ҳамасола ин рӯзи босаодатро бо дастовардҳои нав ва  муваффақиятҳои пайдарпай истиқбол мегиранд.

Дар ин санаи барои ҳар яки мо муҳим ва пурифтихор, ба шумо оромиву осоиши рӯзгор, саодатмандиву фараҳ ва иқболи некро орзу менамоем.

Бигузор парчами кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қалби ҳар яки мо меҳри Ватанро афзунтар намуда, ҳамчун таҷассумгари суботу озодии кишварамон то абад парафшон бимонад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!!!