image

Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси тантанавӣ доир шуд

date_range24.11.2023, 10:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye327

Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ба ин муносибат дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ доир шуд.

Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ин нукта зимни маҷлиси тантанавии мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102 доир шуд, баён гардид.

Маърузачиён изҳор доштанд, ки аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон, арҷ гузоштан ба парчаму парчамдории миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеаамон табдил диҳем.

Дар маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин олимону коршиносон низ иштирок ва баромад намуда, аз муқаддас будани Парчами давлатӣ барои миллати тоҷик ҳарф зада, таъкид намуданд, ки эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Қабул гардидани Парчами давлатӣ дар давраи бисёр ҳассосу мураккаби таърихӣ барои миллати тоҷик ҷиҳати бунёди пояҳои давлати соҳибистиқлол аҳамияти калидӣ дошта, аз нахустин кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сарҷамъии миллат ва рафъи хатари паррокандагии он ба ҳисоб меравад. Парчами Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, қабул гардид ва пӯшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод кардаанд ва имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст. Парчами давлатӣ бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни мардуми мо аст.

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди аҳли нишаст шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"