“Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз” таҳти чунин унвон дар ноҳияи Сино конфронси назариявии илмӣ доир гардид
Парчам барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши хеле бузург дошта, далели давлати соҳибихтиёри тоҷикон аст ва хушбахтона, имрӯз кулли ҷавонони мо ба ин рукни муҳими давлатдорӣ эҳтироми хоса қоиланд. Ба ин муносибат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар толори асосии донишгоҳ Конфронси назариявии илмӣ, таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз” доир шуд.
Дар чорабинӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, роҳбарияти ноҳияи Сино, фаъолон ва устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини Раиси ноҳияи Сино ҳозиринро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба кули сокинони ноҳияи ва тамоми мардуми Тоҷикистон музаффариятҳои беназирро таманно намуд.
Роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода зикр намуд, ки ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ таъкид намуд, ки мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагири ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстиву рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳуввияту худшиносии миллӣ нақши калон дорад.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба устоди донишгоҳ-ҳунарманди маъруфи кишвар Қурбони Собир ҷиҳати иштирок дар фестивали байналмилалии театрӣ диплом тақдим шуда ҳамзамон ба якқатор ғолибони озмуни дохилимуаассисавии рассомӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи тадорукот сипоснома ва ифтихорнома тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми Конфронси назариявии илмӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз” барномаи рангинӣ консертӣ пешкаш гардид, ки писанди аҳли толор гардид.
Нилуфар Талабова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ