image

Ҷаласаи корӣ дар Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим

date_range28.11.2023, 10:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye518

Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим оид ба баррасии масъалаҳои ҳалталаби тарзи ҳаёти солим, пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО, сил ва нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи корӣ доир намуд.

Ҷаласаи корӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои ҳалталаби тарзи ҳаёти солим, пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО, сил ва нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва намояндагони маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Сарраёсати маориф, Раёсатҳои кор бо ҷавонон, кор бо занон, ташкилоти ҷамъиятӣ ва марказҳои саломатии шаҳрӣ доир гардид.

Мутахассисони Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифату иттилоотнокии аҳолӣ, дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои дахлдори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, РВКД дар шаҳри Душанбе, Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Агентии маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе, инчунин Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ нақшаи бисёрҷонибаи чорабиниҳоро таҳия намуда, оид ба ҷорӣ намудани самтҳои афзалиятноки татбиқи «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар байни аҳолӣ, хусусан ноболиғон, муҳассилини донишкадаҳо, муассисаҳои таҳсилоти мактабиву томактабӣ, сокинони маҳаллаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоти гуногун чорабиниҳо гузарониданд.

Дар ҷаласаи корӣ гуфта шуд, ки баъд аз ба имзо расидани «Барномаи миллии ташаккури тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз 30-юми декабри соли 2021 таҳти рақами 56 дар Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҳуҷраҳои тарзи ҳаёти солими муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи зерсохторҳои Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе нақшаи кори ҳуҷраҳои тарзи ҳаёти солим тартиб дода шуд, ки дар самти баланд бардоштани фарҳанги тиббии аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботиро роҳандозӣ намуданд.

Дар айни замон аз рӯи нақшаи тасдиқшудаи МД Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар мувофиқа бо Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ мунтазам бо мутасаддиёни ҳуҷраҳои тарзи ҳаёти солим семинар ва дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони тиб баргузор шуда истодааст.

Умедҷон Сайдиллоев

"ТВ Душанбе"