“Хайрхоҳӣ шараф аст, волонтёр мешавем” - Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
“Хайрхоҳӣ шараф аст, волонтёр мешавем”. Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи байналмилалии ихтиёриён, яъне волонтёрон доир гардид.
Абдулло Раҳмонзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёриёнро бо рӯзи ҷашнашон табрик ва ба онҳо муваффақият орзу намуд. Ҳамоиши идона бо ҳузури беш аз 300 нафар ихтиёриён, роҳбарият ва кормандони зерсохторҳои Кумита, ҷраён гирифт.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти волонтёрӣ барои рушди малакаҳои зеҳнӣ, инкишофи маънавӣ, рушди истеъдодҳо, анҷом додани амалҳои хайрхоҳона ва ба ин васила тарбия намудани ҷавонон ва барои соҳибтахассус гаштани онҳо соли 2013 Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” қабул гардид. Дар асоси ин қонун имрӯз дар тамоми муассисаҳои миёна, олии касбӣ, мақомот ва кумитаҳои давлатӣ ихтиёриён фаъолият доранд.
Дар идомаи ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ихтиёриён ба сухан баромада иброз доштанд, ки фаъолияти ихтиёрии онҳо дар татбиқи лоиаҳои нав дар ҷамъият ва пешбурди корҳои ҷамъиятӣ хеле назаррас мебошад. Волонтёр – шахси воқеиест, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилоти ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд.
Дар ҷараёни ҳамоиши идона барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъияти ва саҳм гузоштан дар пешбурд ва рушди сиёсати ҷавонон ба ихтиёриёни фаъол Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи тоҷик барномаи консертӣ пешниҳоди аҳли толор гардид.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ