image

Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Сайид Сарвар

date_range06.12.2023, 10:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye162
6-уми декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Сайид Сарварро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст сафири навтаъинро ба муносибати ба ин вазифа таъин гардидан табрик гуфта, дар ин љода ба ӯ комёбиҳо орзу намуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишҳои тарафайн ва муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ рушд меёбанд.
Ҳамчунин, ҳамкории байнипарламентӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои байни ду давлат шуморида шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкории байни кишварҳоро дар дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вобаста ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.