image

Татбиқи бандҳои қонунҳои миллӣ дар мулоқоти масъулин бо донишҷӯён

date_range08.12.2023, 15:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye385

7-уми декабри соли равон дар толори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо иштироки масуълини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони мутасаддӣ вобаста ба қонунҳои амалкунандаи миллӣ бо донишҷӯён мулоқот доир гашт.

Бо иштироки масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияту донишҷуёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов вобаста ба иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мулоқот доир шуд.

Дар мулоқот намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш изҳор доштанд, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, доир ба такмил ёфтани он пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Ҳамзамон дар идомаи мулоқот намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боари танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан карда изҳор доштанд, ки қонуни мазкур баргузории маъракаҳои хурсандиро ба танзим дароварда шароит ба вуҷуд овард, ки шумораи тӯйҳои домодию арӯсӣ ду маротиба афзоиш ёфта, ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон оила барпо намоянд. Агар то давраи қабули қонун солона 40-45 ҳазор туйи домодиву арӯсӣ ба қайд гирифта мешуд, пас аз қабули он ин шумора ба 80-90 ҳазор расид. Қонун барои озод намудани шаҳрвандон аз маъракаҳои иловагию хурофотӣ хизмат намуда, қисми зиёди маъракаҳои нолозим ба низоми муайян дароварда шуд. Маъракаҳои гуногун аз ҷумла чойгаштак ба пуррагӣ аз байн рафта, маъракаҳои домодталбон ва фотиҳатӯй ба низоми муайян даровада шуд. Аз донишҷӯён низ даъват гардид, ки дар навбати аввал бояд ҷавонон талабот ва бандҳои амалкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар боари танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя намоянд.

Роҳбарияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов низ қайд намуданд, ки яке аз мақсадҳои дигари вохӯрӣ аз татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иборат меборшад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"