image

Боздиди муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Чжан Тсинвэй, аз Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ

date_range18.12.2023, 10:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye466

Муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Чжан Тсинвэй, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, ба Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овард.

Меҳмон ҳамроҳ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Сзи Шумин аз шароиту имкониятҳои Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Баъд аз боздид вохӯрии меҳмони олиқадр бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар толори донишкадаи мазкур баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи раҳбарони кишварҳоямон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои байни кишварҳо ба сатҳи комилан нав баромадааст.

Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси созишномаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007 сурат мегирад. Фаъолияти пурсамари Донишкадаи Конфутсий дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 2008 далели равшани сатҳи баланди ҳамкориҳо мебошад.

Гуфта шуд, ки бо талошҳои муштараки ду донишгоҳ: Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Синзиян ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи июни соли 2022 бинои нави таълимии Донишкадаи Конфутсий дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки базаи моддию техникии он баҳри муҳассилини донишкада заминаи хуб гузоштааст.

Дар интиҳо барномаи фарҳангии омоданамудаи ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"