image

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадор дар шаҳри Душанбе

date_range26.12.2023, 11:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye252

Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадор дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласа Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадор дар шаҳри Душанбе Раиси Шӯро - муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовинони раиси Шӯро-иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, аъзои Шӯро, ки аз муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сардорони сохторҳои вазорату идораҳои дахлдор дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари нашъамандӣ, тандурустии аҳолӣ ва генофонди миллат дар баробари таҳкими мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир инчунин дар самти пешгирии нашъамандӣ табобат офиятбахшӣ нашъамандо низ ҳама тадбирҳои заруриро доимӣ дида истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханронии худ таъкид намудаанд, ки “Нашъамандӣ ба саломатии мардум ва генофонди миллӣ таъсири ҷиддӣ расонида боиси вайрон гардидани оилаҳои ҷавон, таваллуди кӯдакони маъюб ва бадбахтии хонадонҳо мегардад”. Бинобар ин Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту сохторҳои давлатиро вазифадор намуданд, ки бо мақсади пешгирии нашъмандӣ роҳҳои воридшавӣ ва паҳн гардидани воситаҳои нашъадор моддаҳои психатропикӣ ва прекурсҳои онҳо, ҳабҳои синтетикӣ алалхусус истеъмолӣ чунин моддаҳоро дар байни наврасону ҷавонон муайян карда фаъолиятро дар ин самт ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ва иҷрои бандҳои қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадор аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти марбута Стратегияи нави миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод карда шудаст, ки он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми марти соли 2021 тасдиқ гардидааст. Таҳлили ҳисоботҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ҳамчун ҳуҷҷати калидӣ ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025 ба коҳиш додани суръати афзоиши нашъаманди дар ҷумҳурӣ мусоидат намудааст.

Дар идома ширкатдорони дигари чорабинӣ доир ба мавзӯи баррасишаванда фикру муллоҳизаҳои худро баён намуданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"