image

ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

date_range27.12.2023, 16:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye277

ш.Душанбе. 27.12.2023. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Нахуст оид ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024, ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шунида шуд.

Зимни ҳисобот қайд гардид, ки дар соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти минтақавии пойтахт ба 17,5 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид. Ҳиссаи маҳсулоти пойтахт дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат бошад, 19,5 фоизро ташкил дод.

Пас аз анҷоми суханронӣ Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатӣ, босифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом додани корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои дар шаҳри Душанбе амалишаванда чораҳои дахлдор андешанд.

Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ барои азнавсозии шабакаҳои фарсуда, таҷдиди инфрасохтори барқ дар маҳаллаҳо ва бунёди зеристгоҳҳои нави замонавӣ мунтазам чораҷӯӣ намуда, бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр корҳо дар самти пурра ба нақлиёти барқӣ гузаронидани паркҳои нақлиётӣ тақвият дода шаванд.

Ҷиҳати ободу зебо гардидани пойтахт ва тақвият бахшидани маъракаи ниҳолшинонӣ бо ҷалби сокинони пойтахт, инчунин шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, тозаю озода нигоҳ доштани боғу гулгаштҳои ҳудуди пойтахт, ба миқдори зарурӣ захира ва парвариш намудани гулҳои мавсимию ҳархела ва саривақт баровардани партовҳои маишӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Муҳтарам Раиси шаҳр ба раисони ноҳияҳои шаҳр супориш доданд, ки  якҷо  бо  раёсати андози шаҳр дар соли 2024 бо мақсади иҷрои пурраву саривақтии нақшаи андоз, кам кардани бақияпулиҳои андозӣ, таъмин намудани қисми даромади буҷет ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ, махсусан, дар байни ноболиғону ҷавонон ва қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи замин тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

Сипас вакилон лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе, барои соли 2024 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2022-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба ин, гузориши сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе шунида шуд.  

Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани буҷети шаҳри Душанбе чораҳои саривақтӣ андешида, бобати иҷрои нақшаи даромади он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Вакилон дар идома, масъалаи номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд.

Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе» пешниҳоди Раиси шаҳри Душанберо дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба номи шоири маъруфи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон” дараҷаи 3 Бозор Собир дастгирӣ карда, барои баррасӣ ба иҷлосия пешниҳод кард. Вакилон пешниҳоди мазкурро дастгирӣ намуда, аз рӯи ин масъала қарори дахлдор қабул намуданд.  

Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Раиси шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар руйдодҳои муҳими сиёсии дар пешистода, ҳамзамон таҳким бахшидани корҳои ободу зебогардонии пойтахт, рушди самтҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим дастуру супоришҳо доданд. 

Дар охир Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кулли сокинони пойтахтро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоиро орзу намуданд.

Бо ҳамин иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.