Тамошои Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат дар МИҲД шаҳри Душанбе
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони сохторҳои тобеъи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро, ки ҳамчун дастури раҳнамунсоз ҷиҳати амалӣ намудани нақшаҳои муайянгардида ва ҳамин тавр баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ки дар татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муассир мегузоранд, мустақиман тамошо намуданд.
Дар ҷараёни тамошои Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат кормандону мутахассисони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе аз таҳлилу муқоисаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ки дар Паёми имсола ироа гардид, хулосаи амиқ бароварда, дарк намуданд, ки дар Тоҷикистон сатҳи иҷтимоии мардум зина ба зина баланд гардида, шароиту имкониятҳои мусоиди фароғату истироҳат барои шаҳрвандони мамлакат муҳайё гардида истодааст.
Аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ва рушди соҳахои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасии Сарвари давлат қарор гирифт, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе руҳу илҳоми тоза гирифта, онро чун ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз дар амалӣ намудани нақшаҳо дар соли 2023 ва ояндаи наздик саривақтӣ шумурданд.
Ҳамин тавр, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои зертобеъи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он муайянкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ва нишондодҳои барномавии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти озуқаворӣ буд, бо муҳаббату ихлоси ватандӯстона тамошо карданд ва онҳо чун фарди ватандӯсту худогоҳ дар татбиқи дастуру супоришҳои ироагардида саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ