Дар МИҲД ноҳияи Исмоили Сомонӣ Паёми Пешвои миллатро дастаҷамъона тамошо намуданд
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва кормандону мутахассисони дастгоҳи раиси ноҳия низ дастаҷамъона ҷараёни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тавассути телевизор тамошо намуданд. Аз ҷониби масъулин толори барҳаво бо муҷаҳҳазсозии он тавассути монитор барои тамашои ироаи Паём омода гардида буд.
Бояд тазаккур дод, ки Паёми Пешвои миллатро ҳамчун қутбнамои татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ бояд ҳамачониба омӯхта, таҳлил намоем ва аз ҳама муҳим дар татбиқи амалии он саҳмгузор бошем. Илова бар ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури муҳими иҷтимоию сиёсӣ буда, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар мегирад.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ чун ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз дар амалӣ намудани нақшаҳо дар соли 2024 саривақтӣ шумурданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ